Маросими хоксупории Эшони Абдуқудус дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28141-Маросими_хоксупории_Эшони_Абдуқудус_дар_Тоҷикистон
Рӯзи 8 январ намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Маросими хоксупории Эшони Абдуқудус дар Тоҷикистон

Рӯзи 8 январ намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Ахбор, ҷанозаи Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш Оби Гарм бурданд.

Ин рӯҳонии шинохта, ки яке аз раҳбарони тариқати зикри хуфияи Нақшбандия дар Тоҷикистон ба шумор мерафт, рӯзи 7 январ дар синни 72 аз олам чашм пушид.

Эшони Абдуқудус намояндаи яке аз пурнуфузтарин хонаводаҳои рӯҳонӣ дар шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ба шумор мерафт. Падари ӯ Эшони Абдураҳмонҷон дар даврони Шӯравӣ тариқати зикри хуфияи Нақшбандияро раҳбарӣ мекард.

Баъди даргузашти Эшони Абдураҳмонҷон дар ибтидои солҳои 90 раҳбарии тариқати ӯро фарзандонаш, аз ҷумла Эшони Абдуқудус ба даст гирифтанд.