Январ 09, 2018 12:33 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон барои таъмини амнияти минтақаӣ, ташкили эътилофҳои иқтисодиро пешниҳод кард.

Ба нақл аз Исно, Низомуддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар панели дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон, ки бо унвони “Иқтисод ва амнияти минтақаӣ” гуфт: Иқтисоду амният робитаи дусуя доранд ва дар воқеъ метавон гуфт, робитаи байни ин ду мақула мисли таносуби сабаб ва натиҷа аст.

Ин дипломати аршади Тоҷикистони гуфт: Дар кишваре, ки амният вуҷуд дошта бошад, тавсеа низ муҳаққақ мешавад.

Вай афзуд: “Заъфи иқтисод дар минтақа гоҳе мунҷар ба эҷоди терроризм шудааст ва мо умуман ба натиҷа таваҷҷуҳ мекунем ва аз сабабҳо ғафлат мекунем. Масалан мо бо терроризм мубориза мекунем, вале чандон ба омилҳое, ки боиси эҷоди терроризм дар минтақа шудааст, таваҷҷуҳ надорем”.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба эътилофҳои байналмилалӣ, ки дар арсаи сиёсӣ ва низом эҷод мешавад, гуфт: “Вақти он расидааст, ки эътилофҳое низ барои ҷилавгирӣ бо буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ё мубориза бо он эҷод кунем, то дар таъмини амният муваффақ шавем”.

Вай таъкид кард, қатъан афзоиши ҳамкории минтақаӣ ва ҳамгароӣ дар ин замина ба таъмини амният дар минтақа кумак мекунад.