Январ 10, 2018 09:59 Asia/Dushanbe
  • Барқарории дубораи фаъолияти канали иртиботии “NGN” дар Тоҷикистон

Имкони тамос бо канали иртиботии “NGN” дар Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ба дастури раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии ин ҷумҳурӣ қатъ шуда буд, баъд аз зӯҳри рӯзи 9-уми январи соли ҷорӣ дубора фароҳам шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ширкати “Вавилон Мобайл” эълом кардаанд, ки имкони иртибот бо канали “NGN” дубора фароҳам шудааст.

Теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия низ барқарории дубораи иртибот бо канали “NGN”-ро таъйид ва аз ин иқдом ибрози хушҳолӣ кардаанд. Зеро ҳазинаи ҳар дақиқаи тамос аз Русия бо Тоҷикистон байни 2 то 5 дирам аст ва ба қимати тамосҳои дохилии Тоҷикистон муҳосиба мешавад ва аз нигоҳи иқтисодӣ низ барои миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ хеле арзон ва босарфа аст.

Иқдоми Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки ба баҳонаи таъмини амнияти миллии ин кишвар рӯзи 18-уми декабри соли 2017 бо ирсоли дастуре ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва каналҳои иртиботӣ муваффақ ба қатъи паёмрасони “NGN” шуд, бо эътирозҳои шадиди корбарони ин канал ва ба вижа коргарони муҳоҷири тоҷик рӯбарӯ шуд.

Ин афрод ва фаъолони гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук бо ирсоли ду номаи эътирозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати вайро барои ҳалли ин мушкил хостор шуда буданд.

Ҳамчунин ду рӯз қабл ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастрасии дубора ба канали иртиботии “Viber”, ки аз сӯйи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъ шуда буд, барқарор шуд.