Пароканда кардани мутақозиёни рафтан ба Русия тавассути полиси Душанбе
Нерӯҳои полиси шаҳри Душанбе довталабони тоҷикистонии рафтан ба Русияро, ки дар атрофи дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилаи Русия дар Душанбе издиҳом карда буданд, пароканда карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, рӯзи сешанбе наздик ба ду ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилаи Русия дар шаҳри Душанбе таҷаммуъ карда буданд, ки бо мудохилаи нерӯҳои полис мутафарриқ шуданд.
Хонум Галина Александрова, дабири дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилаи Русия дар Душанбе гуфт, ҳадаф аз ин таҷаммуъ дарёфти муҷаввизи муҳоҷират ба Русия барои сукунати доим буд, ки ба далели издиҳом ва имкони вуқӯи беназмӣ аз нерӯи полис дархости кумак шуд. Акнун ба мутақозиёни муҳоҷират ба Русия дар Тоҷикистон тавсия шудааст аз тариқи интернет сабти ном кунанд.
Аз сӯйи дигар, Владислав Маркевич, раиси дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилаи Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди афроди мутақозии муҳоҷират ба Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ин мақоми рус, танҳо дар ду рӯзи 12 ва13-уми январи соли гузашта (2017 ) теъдоди тоҷикҳои довталаби муҳоҷират ба Русия бо хонаводаҳояшон ба беш аз 700 нафар расида буд. Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2016 низ беш аз 14 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷират ба Русия сабти ном карда буданд, ки аз ин теъдод ба 1 ҳазору 850 нафар муҷаввиз эъто шуд.
Мақомоти Вазорати дохилаи Русия мегӯянд, аз соли 2000 то ба ҳол 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират карда ва тобеияти ин кишварро ба даст овардаанд.