Январ 11, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
  • Таътилии бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон

Бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон мавсум ба “Зарафшон”, воқеъ дар ноҳияи Панҷакент, дар вилоят Суғд чаҳор рӯз аст, ки аз фаъолият бозмондаву ду ҳазор нафар аз коргарони он ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин дар ҳолест, ки 75 дарсад аз саҳми молии корхонаи тиллои “Зарафшон” мутааллиқ ба ширкати чинии “Зиҷин” ва 25 дарсади боқимонда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

 Аммо бархе коршиносон иллати таътилии ин корхонаро ба натиҷа нарасидани музокироти мақомҳои Тоҷикистон бо тарафи чинӣ бар сари зарурати афзоиши саҳми молии давлати Душанбе ва низ мавзӯи мизони пардохти молиёт унвон мекунанд.

 Дар матбуоти Тоҷикистон борҳо зиёд будани саҳми молии ширкати чинӣ ва ғайриқобили пазириш хондани саҳми тарафи тоҷик аз даромади корхонаи тиллои “Зарафшон” мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифта буд.

Таътилии корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки танҳо маркази санъатии фаъол дар ноҳияи Панҷакент аст, хонаводаҳои коргарони ин маркази тавлидиро, ки дар мураххасии бидуни маош ба сар мебаранд, бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ кардааст.

Аз сӯйи дигар, бо таътилии ҳашт корхонаи тавлидии даврони Шӯравӣ дар ин ноҳия тайи 25 соли ахир, ҳеҷ маркази саноатии ҷадиде сохта нашудааст то барои сокинони ин минтақа корофаринӣ шавад.