Август 23, 2016 11:47 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Сандуқи Байналмилалии Пул ва Тоҷикистон дар Душанбе

Дар дидори ҳайате аз Сандуқи Байналмилали Пул бо вазири молияи Тоҷикистон дар Душанбе, мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар дидоре аз ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул ба сарпарастии Пол Рос бо Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон дар Душанбе, роҷеъ ба сиёсатҳои бонкӣ ва молии ҳукумати ин кишвар, таъмини манобеи бахши даромади буҷаи соли ҷорӣ, мизони касри эҳтимолии буҷаи давлат ва авзои молии ин кишвар дар соли ояндаи 2017 баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин барномаи сесолаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмилалии Пул, дурнамои бозпардохти қарзҳои молии дарёфтӣ аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ, назорат бар фаъолияти корхонаҳо ва марокизи тавлидии Тоҷикистон ва ҳамоҳангии масоили молии ин кишвар бо сойири марокизи молии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳайати СБП бо масъулони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои иқтисодӣ ва молии Тоҷикистон дар бораи беҳбуди мудирияти бонкҳо ва муассисаҳои моливу қарзии ин кишвар ва роҳҳои ихтисоси қарзҳои ҷадид ба Тоҷикистон гуфтугӯ хоҳад кард.

Барчасп