Август 23, 2016 11:58 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод бидуни сафир

Сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон аз моҳи июни соли ҷорӣ, пас аз барканории Маҳмудҷон Собиров аз ин симмат, бидуни сафир аст.

Ба гузориши сайти "Авесто", ахиран дар шабакаи иҷтимоии Ютюб навори видеоии 18 дақиқаӣ мунташир шудааст, ки гуфтугӯи телефонии мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо корманди сафорати ин кишвар дар Ишқободро дар бар мегирад ва иллати бурузи таниш дар равобити ин ду ҷумҳурӣ - рафтори ғайриахлоқии яке аз кормандони ин сафорат ном бурда шудааст.

Дар ин навори видеоӣ таъкид шудааст, ки мақомоти Туркманистон яке аз кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Ишқободро муттаҳам ба доштани равобити ғайримашруъ бо як донишҷӯдухтари 24 сола кардаанд, ки гуфта мешавад, ноболиғ мебошад.

Аммо як мақоми Сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод дар ин гуфтугӯи телефонӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати Туркманистон дар қиболи дипломатҳои ин сафоратхона дасисасозӣ мекунад, ки ин мавзӯъ заминаи бурузи ихтилоф миёни мақомоти сиёсии ду кишварро фароҳам кардааст.

Хабаргузории "Авесто" таъкид кардааст, ки то замони интишори ин хабар муваффақ ба дарёфти тавзеҳ дар бораи ин ҳодиса аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нашудааст.  

Барчасп