Январ 13, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Тоҷикистон ба афзоиши саҳми содироти барқ

Мақомҳои Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардаанд, бо баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ тавони содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи хати “КАСА – 1000” афзоиш ёбад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, қаблан эълом шуда буд, аз панҷ миллиард киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тариқи хати “КАСА – 1000” ба Афғонистон ва Покистон, 70 дарсад саҳми Душанбе ва 30 дарсад саҳми Бишкек дар фасли тобистон хоҳад буд.

Акнун Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон умедвор аст, бо баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ, заминаи содироти барқи ин кишвар аз тариқи хати “КАСА – 1000” ба Афғонистон ва Покистон дар фасли замистон низ фароҳам хоҳад шуд.

Хати “КАСА – 1000” заминаи интиқоли барқи изофии тавлидӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ- обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли гармо ба Афғонистон ва Покистонро фароҳам хоҳад кард.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар аст.

Бар асоси тавофуқи ба дастомада, қимати ҳар як киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи хати “КАСА -1000” ба мизони 9, 35 сент таъйин шудааст.