Дастури ҷадиди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи Интернет
Ба дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ муваззаф шудаанд, ки танҳо аз ширкати “Тоҷиктелеком”, Интернет харидорӣ кунанд ва ҳаққи истифода аз шабакаҳои кишварҳои дигарро надоранд.
Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, аз ин пас тамоми ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки Интернетро танҳо аз шабакаи воҳиди миллии хадамоти интернетӣ ё ширкати “Тоҷиктелеком” , харидорӣ кунанд.
Қаблан ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ аз Қирғизистон, Чин ва Русия, Интернетро харидорӣ ва ба муштариён ироа мекарданд. Дар дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин тасмим ба манзури таъмини амнияти миллии ин кишвар гирифта шуда ва барои тамомии ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ, илзомӣ мебошад. Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин муқаррарот муғойир бо қавонини байналмилалии иртиботот мебошад, ки ҳуқуқи корбаронро нақз мекунад. Зеро қаблан ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ, аз хориҷ Интернетро арзонтар ворид мекарданд, ки акнун ин навъи хадамот низ инҳисорӣ мешавад, ки дар ихтиёри танҳо ширкати “Тоҷиктелеком”, вобаста ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.
Аз сӯи дигар бархе коршиносон мӯътақиданд, ки дар зоҳир мудирияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тамоми тасмимҳои худро барои таъмини амнияти миллии ин кишвар унвон мекунад, ки дар асл пушти ин қазия, манофеи иқтисодӣ нуҳуфтааст, ки бояд дар инҳисори ин ниҳоди давлатӣ бошад.
Ин дар ҳоле аст, ки Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл, бо судури фармоне ба намояндагони ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва Интернет дастур дод, дубора канали иртиботии “NGN”-ро қатъ кунанд.