Январ 14, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раисиҷумҳури Қирғизистон ба наздикӣ барои дидори расмӣ бо мақомоти Тоҷикистон, ба ин кишвар сафар мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми табрик ба ҳамтои қирғизистониаш ба муносибати 25-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар, аз вай барои сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал овардааст.

Дар ин паём таъкид шудааст, ки дидори расмии Сооронбой Ҷээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон аз Тоҷикистон, заминаи таҳкими равобити ҳамаҷониба миёни ин ду кишвари дӯст ва бародарро фароҳам хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба равобити дӯстонаи мардумони тоҷик ва қирғиз тайи қарнҳои тӯлонӣ, ибрози умедворӣ кардааст, ки дидори расмии Сооронбой Ҷээнбеков аз Тоҷикистон, мӯҷиби оғози давраи ҷадиде аз муносботи ин ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд. Зеро густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ, гумрукӣ ва транзитӣ бо Қирғизистон аз аввлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Сооронбой Ҷээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон низ дар посух ба паёми Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ба наздикӣ барои дидори расмӣ аз Тоҷикистон ба Душанбе сафар хоҳад кард. Вай бо ишора ба ҳамкории наздики Тоҷикистон ва Қирғизистон дар созмонҳои минтақаӣ, назири Созмони Ҳамкори Шангхай, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД),  Иттиҳоди кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд (ИДМ), ин муносиботро заминасози густараши равобити ҳамаҷониба бо Тоҷикистон унвон кардааст.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар14 январи сол 1993 барқарор шуд ва дар марти соли 1997 милодӣ, Бишкек сафоратхонаи худ дар Душанберо ифтиттоҳ кард.

Сафоратхонаи Тоҷикистон низ дар пойтахти Қирғизистон ифтитоҳ шуда ва дар ҳоли фаъолият аст.