Ҷашни солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор намешавад
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди ташкилашон дар Душанбе ҷашн нахоҳанд гирифт.
Ба иттилои Форс, ҷашне, ки қарор буд, имсол 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди бунёди Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, бо қарори ҳукумат бар по нахоҳад шуд,
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ дастур дода, ки 9 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли кишвар режаи бошукӯҳ барпо намояд.
Ҳукумат ҳамчунин ба ҳама вазорату идораҳо дастур дода, ки ҳаргуна ҷашну барномаҳои худро дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон барномарезӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар дар ростои иҷрои фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 19 декабри соли 2017 "Дар бораи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон" гирифта шудааст.
Тоҷикистон 30-умин солгарди истиқлолашро 9 сентябри соли 2021 ҷашн хоҳад гирифт.