Январ 15, 2018 21:12 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи шаҳрвандони тоҷик аз беҳбуди равобити байни Душанбе ва Тошканд

​​​​​​​Бар асоси натоиҷи назарсанҷии Маркази мутолиоти Бонки рушди Авруосиё, бештари шаҳрвандони тоҷик аз беҳбуди равобити ин кишвар бо Узбакистон истиқбол мекунанд.

Ба нақл аз Форс, дар ин миён танҳо 14 дарсади мардум тоҷик муътақиданд, ки Узбакистон дӯсти Тоҷикистон нест .

Маркази мутолиоти Бонки Авруосиё эълом кард, то соли 2012 64 дарсади тоҷикҳо Узбакистонро таҳдиде барои кишвари худ медонистанд, аммо инак вазъият тағйир карда ва Узбакистон аз нигоҳи бештари мардуми тоҷик, душман нест .

Коршиносони ин марказ муътақиданд, иқдомоти Тоҷикистон барои коҳиши хусумат нисбат ба Узбакистон мумкин аст, барои ташаннуҷзудоӣ дар кишварҳои Шӯравии собиқ монанди Русия, Украина, Арманистон ва Озарбойҷон истифода шавад .

Маркази мутолиоти Бонки рушди Авруосиё, як маркази мутолиотии русист, ки ҳамасола тамоюлҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва муносиботи кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунад .

Тағйири афкори умумӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбакистон ба вижа дар соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи ин кишвар шуруъ шуду бо омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ҷадид дар соли гузашта суръат гирифт .