Январ 18, 2018 11:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дорои пойинтарин мизони дастмузд дар Ҷомеаи Ҳамсуд

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард, дар моҳи ноябри соли 2017 мизони миёнаи маошу дастмузд дар ин ҷумҳурӣ 1 ҳазору 174 сомонӣ будаааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 10, 7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин мизон дастмузд дар Тоҷикистон наздик ба 120 доллар аст, ки пойинтарин мизони маош дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд) арзёбӣ мешавад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки болотарин мизони дастмузд дар Тоҷикистонро коргарони бахшҳои саноату маодин, кормандони бонкҳо, хадамоти мухобироту иртиботот ва ҳамлу нақл дарёфт мекунанд, ки ба 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор сомонӣ дар моҳ мерасад.

Аммо афроди шоғил дар бахшҳои кишоварзӣ ва муҳитбонон моҳона 523 сомонӣ маош дарёфт мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мизони маоши моҳона дар Русия 657 доллар, Қазоқистон 432 доллар, Беларус 402 доллар, Қирғизистон 204 доллар, Туркманистон 198 доллар ва Ӯзбакистон 177 доллар эълом шудааст.

Ҳамчунин мизони миёнаи нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 272 сомонӣ эълом шудааст, ки наздик ба 35 доллар аст. Аз ин назар низ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд аз ҳама пойинтар қарор гирифтааст.