5 соли зиндон барои ҳамкории ҷавони хатлонӣ бо ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Бохтар дар вилояти Хатлонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши "Азия плюс", Ҳусайн Раҳмонов моҳи январи имсол бо насби барномаи ошноӣ бо гурӯҳи ДИИШ дар телефони ҳамроҳи худ, аз тариқи интернет бо сойири аъзои ин созмони такфирӣ иртибот барқарор ва барои пайвастан ба ДИИШ ва сафар ба Сурия эъломи омодагӣ карда буд.
Раҳмонов пас аз ошноӣ бо фарде бо номи рамзии "Шаҳома" аз вай дастур гирифта буд, ки барои пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ба Афғонистон биравад ва омӯзишҳои низомӣ бубинад.
Ин ҷавони хатлонӣ тибқи барнома қарор буд пас аз фарогирии давраҳои омӯзишӣ ба Тоҷикистон бозгардад ва ба қавли худаш алайҳи режеми лоики ин кишвар мубориза кунад.
Насби дурбини мадорбаста дар масҷиди бозори шаҳри Қӯрғонтеппа, марказ вилояти Хатлон ва ирсоли суханрониҳои имом-хатиби ин масҷид аз тариқи шабакаи "Телеграм" барои гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон, аз ҷумлаи ҳамкориҳои Раҳмонов бо ин гурӯҳи террористӣ будааст.