Январ 19, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли СММ дидор кард

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор ва дар мавриди масоили марбут ба тавсеаи иҷтимоию иқтисодии ин кишвар баҳсу табодули назар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар дидори Сироҷиддин Аслов бо Антониу Гутерреш дар Ню-Йорк масоили калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид чун амалисозии аҳдофи тавсеаи пойдор маврид баррасӣ қарор гирифт. Тарафайн ҳамчунин дар мавриди конфроси байналмилалии «Тавсеаи пойдор барои солҳои 2018-2028», ки дар моҳи июни соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, баҳсу табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин сафар ҳамчунин бо Лиу Женмин, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дидор кард. Дар ин дидор илова бар ҳамкориҳои Душанбе ва СММ, бавижа дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ тарафайн ҳамчунин дар бораи масоили ҷаҳонии об ва татбиқи ба мавқеи аҳдофи рушди пойдор баҳсу табодули назар карданд. Илова бар ин Сироҷиддин Аслов дар ин сафар бо Аҳим Штейнер, мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Эрлан Абдилдиев, вазири умури хориҷии Қирғизистон дидор ва дар нишасти матбуотии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Адами густариши силоҳи ҳастаӣ – иқдомоти эътимодсозӣ», ки ба раёсати Қазоқистон баргузор шуд, ширкат кард.