Сӯгномаҳо дар ғами даргузашти хабарнигори ҷавони тоҷик
Дар пайи даргузашти Сулаймон Шарифзода, хабарнигори ҷавони тоҷик, фазои маҷозии тоҷикӣ, оканда аз арзи таслият ва сӯгномаҳои дарднок аст.
Ин корманди радиои "Тоҷикистон”, рӯзи шанбе (20 январ) бар асари фишори хун дар бемористони Қаряи болои шаҳри Душанбе даргузашт ва фардо дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг ба хок супурда хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Шарифзода дар шароити сахти маишатӣ қарор дошт ва бо хонаводаи шашнафарии худ ба шумули ҳамсар ва фарзандон дар хонаи иҷораӣ мезист, ки ҳамин сахтии рӯзгор мӯҷиби бемории ӯ шуд.
Завқибеки Саидаминӣ, рӯзноманигори тоҷик дар сафҳаи шахсии худ дар “Фейсбук” аз шодравон Шарифзода ба унвони ҷавони диндор ном бурдааст, ки ҳамвора пойбанд ба намоз буд.
Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси матраҳи масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ чунин нигоштааст:
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд
Ёрони маро ягон-ягон омаду бурд.
Кӯҳзод Фатҳуллоҳ, шоири ҷавон ҳам ин гуна даргузашти Сулаймон Шарифзодаро шарҳ додааст:
Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.
Радио тоҷикии “Садои Хуросон” дар гузашти шодравон Сулаймон Шарифзодаро ба хонавода, дӯстони ӯ ва низ ба ҷомеаи расонаии Тоҷикистон таслият мегӯяд.