Январ 22, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  • Шӯҳрат Қудратов моҳи август аз зиндон озод хоҳад шуд

Мақомоти Вазорати адлия ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба номаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи ин кишвар, эълом карданд, Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов тобистони имсол озод хоҳад шуд.

Ба гузориши сафҳаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар “Фейсбук”, Раҳматулло Зоиров муддаӣ аст, ки ҳукми се солу ҳаштмоҳ маҳкумияти Шӯҳрат Қудратов, моҳи феврали имсол ба поён мерасад ва ӯ бояд пештар шомили қонуни афви умумӣ мешуд.

Аммо мақомоти Вазорати адлия ва Додситонии кулли Тоҷикистон мӯътақиданд, ки замони се солу ҳаштмоҳи маҳкумияти Шӯҳрат Қудратов дар рӯзи 28 моҳи августи имсол ба поён мерасад ва дар ҳамин таърих, ӯ аз зиндон озод хоҳад шуд.

Бо ин ҳол Зоиров таъкид кардааст, ки идомаи нигаҳдории Шӯҳрат Қудратов дар зиндон ғайриқонунӣ аст ва ба ин далел дар рӯзҳои оянда, дар ин маврид бо ирсоли номаҳои ҷадид ба раиси Додгоҳи олӣ, Вазорати адлия ва Додситонии кулли Тоҷикистон бо ироаи мустанадоти ҳуқуқӣ, хостори озодии ҳарчи сареътари ин вакили мудофеъ хоҳад шуд.

Шӯҳрат Қудратов яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидоф, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабти ном нашудаи “Тоҷикистони нав” аст, ки дар соли 2014 ба иттиҳоми қасди ришва додан ба як додрас ба се солу ҳашт моҳ зиндон маҳкум шуд ва бо вуҷуди умедворӣ ба бархӯрдор шудан аз қонуни афви умумии соли 2016, ҳамчунон давраи маҳкумияти худро мегузаронад.