Боздошти донишҷӯи тоҷик ба иттиҳоми ифротгароӣ
Донишҷӯи тоҷики Академияи хадамоти амнияти федералии Русия ба иттиҳоми ифротгароӣ ва талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Наврӯз Сангови 23 сола ҳангоми дастгирӣ қасд дошт аз Бокӯ, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон ба Истанбули Туркия парвоз кунад.
Манобеи амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, парвандаи вай ҳанӯз такмил нашудаву ин донишҷӯи соли охир мазнун ба ифротгароиву талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ аст.
Ба гуфтаи ин манобеъ, вай ба таври ногаҳонӣ аз маҳалли таҳсилаш дар Академияи хадамоти амнияти федералии Русия нопадид шудаву як моҳ баъд дар фурӯдгоҳи шаҳри Бокӯ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Аммо наздикони Наврӯз Сангов таъкид кардаанд, вай қасд доштааст барои дармон ба Туркия биравад.
Ба гуфтаи онон, вай тобистони соли 2018 давраи омӯзишии таҷрибаи фаъолиятҳои амниятиро дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаро гирифтааст.
Ӯ сипас қасд дошта баъд аз поёни давраи донишомӯхтагӣ дар Академияи хадамоти амнияти федералии Русия ба Тоҷикистон бозгардаду дар ин ниҳоди амниятӣ машғул ба кор шавад.