Ифшои ҷузъиёти парвандаи қазоии як мақоми собиқи Вазорати иқтисоди Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ҷадиде аз парвандаи ришвахории Аскар Нурализода, муовини идораи сиёсати сармоягузорӣ ва рушди манотиқи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ин кишварро, ки ахиран ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, ифшо кардааст.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, дар баёнияи додситони кулли Тоҷикистон таъкид шудааст, ба ғайр аз дархост барои дарёфти ришваи як миллиондолларӣ аз сӯйи Аскар Нурализода аз як фаъоли бахши хусусӣ, вай муттаҳам ба ду мавриди дигари дарёфти ришва низ ҳаст.
Вай рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми дарёфти ниме аз маблағи як миллион доллар ришва аз фарде ба номи Н. Абдураҳимов, сокини ноҳияи Балхи вилояти Хатлон ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.
Вай ин маблағро дар ивази мусоидат барои ихтисоси воми бонкии 10 миллиондолларӣ бобати сохти муҷтамеи мурғдорӣ талаб карда буд.
Аммо мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кардаанд, Аскар Нурализода дар соли 2015 аз Д. Олимов, яке аз сокинони ин ноҳия, чаҳор ҳазор доллар ва панҷ ҳазору 100 сомонӣ дарёфт кардааст.
Ӯ ин маблағро ҳам барои мусоидат дар ворид кардани тарҳи сохти як гулхона дар ноҳияи Балхи вилояти Хатлон ба барномаи сармоягузориҳои давлатии ин кишвар гирифтааст.
Илова бар ин, вай барои ворид кардани барномаи сохти як боғи мева дар ноҳияи Балхи вилояти Хатлон дар барномаи сармоягузориҳои давлатии Тоҷикистон дар соли 2017, аз Ш. Сангинов, фаъоли бахши хусусӣ аз ноҳияи Балх 20 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст.
Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Аскар Нурализодаро дар таърихи 28-уми сентябри соли 2017, ҳангоми дарёфти маблағи 490 ҳазор доллар ришва аз н. Абдураҳимов дар қаҳвахонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.