Ҳушдори давлати Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ барои сафар ба Русия
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ хост то аз сафар ба 11 шаҳри Русия то поёни мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар иттилоияе аз шаҳрвандони худ хост то аз сафар ба ин 11 шаҳр, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Калининград ва Сочи худдорӣ кунанд.
Дар замони баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Русия дар шаҳрҳое, ки мусобиқот дар он баргузор мешавад, иқдомоти амниятии шадиде аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ ба манзури таъмини амнияти мусобиқот анҷом мегирад.
Русия дар остонаи бистуякумин давраи мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, ки аз 14-уми июн то 15-уми июли 2018 дар 11 шаҳри мухталифи ин кишвар баргузор мешавад, эълом кард, аз 25-уми май то 25-уми июл маҳдудиятҳоеро барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо ҷорӣ хоҳад кард.
Русия ҳамчунин дар солҳои ахир шуморе аз шаҳрвандони тоҷикистониеро, ки қасд доштаанд аз хоки ин кишвар барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия истифода кунанд, боздошт кард ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил додааст.