Январ 28, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Посухи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба эътирозоти ношӣ аз боздошти як муттаҳам

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо интишори бёнияе дар бораи сарусдоҳо дар робита ба боздошти як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, тавзеҳ додааст.

Ба гузориши сойти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин баёния таъкид мешавад, ки сарусдоҳо дар бораи боздошти Фахриддин Ҳасанов, сокини 27 солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, беасос мебошад.

Зеро хонум Меҳринисо Муҳаммадова, модари ин фарди боздошт шуда, дар шабакаи “Фейсбук” иддао карда, ки фарзандаш бидуни далел боздоштшуда ва иртиботе бо гурӯҳи таррористии ДИИШ надорад, ки ин мавзу мӯҷиби вокунишҳои зиёде дар фазои маҷозӣ гардидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки Фахриддин Ҳасанов бар асоси шавоҳиди мавҷуд, аз сӯи фарде ба номи Баҳромҷон Шарифов, шавҳари хоҳраш, ки худ узви гурӯҳи террористии ДИИШ мебошад, ба ин созмони такфирӣ ҷазб гардидааст. Дар ҳоле, ки алайҳи Фахриддин Ҳасанов дар таърихи 12 январи соли ҷорӣ, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҷазби афрод ба ин созмон ва мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, парвандаи ҷиноӣ ташкил ташкил шуда буд. Аз ин рӯ, пас аз вуруд ба Тоҷикистон бо парвози Истамбул – Душанбе, дар зодгоҳаш ноҳияи Панҷ боздошт гардид.

Дар бёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки хонум Меҳринисо Муҳаммадова, модари Фахриддин Ҳасанов фарзандонашро барои рафтан ба хориҷ ташвиқ карда, ки муддате худ низ дар Миср қарор дошта ва акунун писари дигари вай ба номи Абдулхолиқ, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, дар Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоӣ аст, дар Туркия пинҳон шудааст.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 1 ҳазору144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ шиносоӣ шудаанд, ки 300 тан аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.