Январ 29, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Чароғи сабзи тоҷикҳо ба ҷустуҷу ва истихроҷи тилло

Раиси Идораи заминшиносии Тоҷикистон эълом кард: Ояндаи наздик ҷустуҷу ва истихроҷи тилло дар савоҳили рудхонаҳои кишвар озод хоҳад шуд.

Ба нақл аз Форс, Заробиддин Файзуллоев дар як нишасти хабарӣ гуфт, Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир пешнависи тарҳи давлат дар заминаи эътои иҷозатнома барои истихроҷи тилло ба сокинони кишварро омода кардааст .

Вай афзуд: Дар таҳияи ин санад ҳамчунин намояндагони гурӯҳи заминшиносии Тоҷикистон низ мушорикат кардаанд ояндаи наздик ин пешнавис барои баррасӣ ба давлат ироа мешавад .

Тиллои истихроҷшударо метавон ба таври озод ба сохторҳои молии Тоҷикистон ба фурӯш гузошт .

Беш аз 10 ширкати мухталиф машғули истихроҷи тилло дар Тоҷикистонанд, ки ширкати “Зарафшон”, “Апрелёвка”, ширкати давлатии “Тиллои тоҷик”, ширкати “Одина” ва “Покруд” аз бузургтарини онҳо ба шумор мераванд .

Дар 10 моҳи нахусти соли 2017, 16.4 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2016 дар кишвар тилло истихроҷ шудааст .