Дархости додситонӣ аз шаҳрвандони фиребхурдаи ширкатҳои корёб дар Арабистони Саудӣ
(last modified Mon, 29 Jan 2018 15:42:37 GMT )
Январ 29, 2018 20:42 Asia/Dushanbe
  • Дархости додситонӣ аз шаҳрвандони фиребхурдаи ширкатҳои корёб дар Арабистони Саудӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки аз ширкатҳои корёб дар Арабистони Саудӣ фиреб хурдаанд, дархост кардааст аз онҳо шикоят кунанд.

Ба иттилои ТоҷикТА, Додситонии кулли Тоҷикистон шаҳрвандонеро меҷӯяд, ки аз ширкатҳои корёбу гардишгарӣ фиреб хурдаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост карда, ки агар аз ширкатҳое шикоят дошта бошанд, ки корҷӯёнро ба Арабистони Саудӣ фиристодаву дар он кишвар қарордодашонро шикаста ва муҳоҷиронро водор ба кори иҷборӣ дар хонаҳои арабистониҳо карда бошанд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд”.

Манзур ширкатҳои гардишгарии “Ҷамол-2012”, “Имкон-2015” ва “Абдулкарим” аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ мефиристоданд.

Додситонии кулл барои мушаххас кардани шумораи шаҳрвандоне, ки ин ширкатҳо ба хориҷа фиристодаанд, бо ниҳодҳои додситонии дигар кишварҳо низ ҳамкорӣ дорад.

26 сентябри соли 2017 Додситонии кулли Тоҷикистон роҳбарони он се ширкатро муттаҳам ба одамфурӯшӣ кард ва барояшон парванда оғоз кард.