Январ 31, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости панҷ созмони рӯзноманигории Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон

Панҷ созмони рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дархост кардаанд, монеъ аз иқдомоти худсаронаи Бек Сабур, раиси Хадамоти иртиботот ва мухобироти ин ҷумҳурӣ дар инҳисорӣ кардани хадамоти интернет шавад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, масъулони созмонҳои рӯзноманигории Шӯрои воситаҳои ахбори омма, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, созмони иҷтимоии “Журналист”, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ва “Медиа Алянс” аз дастури ҷадиди Бек Сабур ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ин созмонҳо иқдоми хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои инҳисор кардани ироаи хадамоти интернет дар ин кишварро муғойир бо қонунҳои ин ҷумҳурӣ ва тааҳҳудоти Тоҷикистон дар қиболи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ унвон кардаанд.

Ба гуфтаи ин созмонҳо, мудирияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қаблан низ бо иқдомоти насанҷида дар заминаи қатъ кардани бархе каналҳои иртиботӣ бекифоятӣ ва нокоромадии худро нишон дода буд.

Акнун ин ниҳод қасд дорад бо таҳмили хостаи худ ба ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти мухобиротӣ дар бораи хариди иҷбории интернет танҳо аз ширкати вобаста ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар фикри касби даромади молӣ бошад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ танҳо як миллиону 600 ҳазор нафар ё 19 дарсади мардум ба хадамоти интернет дастрасӣ доранд, раиси Хадамоти алоқаи ин ҷумҳурӣ мехоҳад шаҳрвандонро аз интернети арзон маҳрум созад.

Ҳол он ки Бек Сабур пас аз қатъи канали NGN ба талош барои иҷрои иқдоми мушобеҳе алайҳи каналҳои иртиботии VIBER, WHATSAPP, TELEGRAM ва IMO идома медиҳад, ки боиси коҳиши эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шудааст.