Январ 31, 2018 13:00 Asia/Dushanbe
  • Турбинаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун” имсол ба баҳрабардорӣ мерасад?

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, бо вуҷуди бархе мушкилот талош мешавад, ки имсол турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” ба баҳрабардорӣ бирасад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти хабарии мақомоти ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе, ин хабарро бидуни ишора ба вуҷуди мушкилот дар такмили сохти ин нерӯгоҳ эълом кардааст.

Ба гуфтаи вай, ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. p. A” ба унвони муҷрии ин тарҳ мутааҳҳид шудааст, дар соли ҷорӣ турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун”-ро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

 Пештар давлати Тоҷикистон эълом карда буд, барои идомаи сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ, панҷ миллиард сомонӣ (наздик ба 560 миллион доллар) ихтисос дода шудааст. Дар ҳоле, ки дар соли 2017 чаҳор миллиард сомонӣ ҳазина шуда буд.

 Ҳамчунин Бонки Миллии Тоҷикистон эълом карда буд, 500 миллион доллар аз саҳми молии нерӯгоҳи обии “Роғун”-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш расонда, ки бо суди солона ҳафт дарсад қобили бозпардохт аст ва барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ истифода мешавад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва шаш турбина бо зарфияти тавлидии 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.