Январ 31, 2018 14:26 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии сафири Эрон дар Тоҷикистон аз роҳандозии шабакаи “IFilm”

Сафири Эрон дар Тоҷикистон тасмими Эрон дар таъсис ва роҳандозии шабакаи “IFilm” (Ой Филм)-и форсӣ барои мардуми Тоҷикистон ва Афғонистонро иқдоме хуб ва ибтикори ҷолиб арзёбӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар паёме ба мудири радиои тоҷикӣ афзуд, агар тамаркузи ин шабака бар пахши сериёлҳои таърихӣ, адабӣ ва илмӣ бошад, беҳтар аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард, бояд ҳассосияти давлатҳои минтақа дар назар гирифта шавад ва аз тамаркуз бар рӯйи филмҳои сиёсӣ бикоҳем.

Паймони Ҷебелӣ, муовини бурунмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи гузашта аз роҳандозии шабакаи ““IFilm -2” бо ҳадафи пахши филмҳои синамоӣ ва сериёл барои мухотабони тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ хабар дода буд.

 “IFilm” як шабакаи телевизионии эронӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир бо се канали арабӣ, англисӣ ва форсӣ барои мухотабони эронӣ дар саросари ҷаҳон ба сурати 24 соата филм ва сериёлҳои эронӣ пахш мекунад.