Январ 31, 2018 18:04 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон мутаваққиф шуд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз таваққуфи содироти барқи кишвар ба Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Усмоналӣ Усмонзода дар нишасте бо тайиди таваққуфи содироти барқи кишвар ба Афғонистон гуфт: Тоҷикистон дар фасли тобистон метавонад ба роҳатӣ ба Афғонистон барқ содир кунад, аммо дар зимистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар ин замина мувоҷеҳ аст .

Соли 2017 Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 1.3 миллиард киловат барқ ба арзиши 50 миллион доллар содир кардааст .

 

Барчасп