Феврал 01, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • “Тоҷик – Эйр” ба гардишгарони хориҷӣ тахфиф медиҳад

Раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик –Эйр” аз тахфиф дар баҳои билети гардишгарони хориҷӣ ва ройгон будани интиқоли таҷҳизоти кӯҳнавардони хостори сафар ба Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” ин матлабро дар нишасти Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон эълом кардааст.

Дар ин нишаст Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” интиқод кардаву гуфтааст, ки мусофирон аз пойин будани кайфияти хадамот, ғизоҳои номарғуб ва таъхир дар парвозҳои ин ширкат ба шиддат шокӣ ҳастанд.

Зуҳуров гуфт, дар ду соли ахир масъулони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” натавонистаанд мавзӯи захирасозии сӯхти кофӣ барои парвозро ҳал кунанд ва халабонон маҷбур мешаванд дар нимароҳ барои сӯхтгирӣ дар шаҳрҳои Туркманистону Қазоқистон фуруд оянд, ки замони парвоз ду баробар мешавад.

Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дар посух ба ин интиқодҳо гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ин ширкат танҳо се фарванд ҳавопаймои солим дар ихтиёр дорад ва мекӯшад, ки дар оянда теъдоде ҳавопаймои ҷадид харидорӣ кунад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Раҳимов, “Тоҷик – Эйр” имсол барои сафари гурӯҳии гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон, қимати билет барои ононро то 10 дарсад коҳиш хоҳад дод.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии ҳукумати ин кишварро барои муоф кардани ширкатҳои давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва роҳи оҳани ин ҷумҳурӣ аз пардохти молиёт бар арзиши афзудаву аворизи гумрукӣ барои воридоти вагонҳову ҳавопаймоҳои ҷадид тасвиб кард.