Миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 30 доллар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29411-Миёнгини_нафақаи_бознишастагӣ_дар_Тоҷикистон_30_доллар
Муовини Хадамоти давлатии умури бознишастагӣ ва бимаи Тоҷикистон миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар ин кишварро 30 доллар эълом кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 03, 2018 07:02 Asia/Dushanbe
  • Миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 30 доллар

Муовини Хадамоти давлатии умури бознишастагӣ ва бимаи Тоҷикистон миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар ин кишварро 30 доллар эълом кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷик ТА”, хонум Назокат Одиназода дар нишасти хабарии масъулони ин идора бо хабарнигорон дар Душанбе гуфтааст, дар соли 2017 миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар ин кишвар 271 сомонӣ буд, ки муодили 30 доллар аст.

Ба  ба гуфтаи вай, ин рақам дар муқоиса бо соли 2016 се сомонӣ коҳишро нишон медиҳад.

Вай ҳамчунин аз қатъи пардохти маоши бознишастагӣ барои 13 ҳазору 678 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар соли 2017 хабар дод, ки маълулияти онон аз сӯйи мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъйид нашуд.

Камиссиюни вижае ба манзури мушаххас кардани мизони маълулияти 75 ҳазор нафар ташкил шуд, ки маълулияти 13 ҳазору 678-ро таъйид накард ва ин афрод аз феҳристи дарёфткунандагони маоши бознишастагӣ ҳазф шуданд.

Муовини хадамоти давлатии умури бознишастагӣ ва бимаи Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кардааст, ин ниҳод таҳти ҳеч шароите номи афродеро, ки нафақаи бознишастагии боло дарёфт мекунанд, эълом нахоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, танҳо ниҳодҳои қазоӣ, амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳақ доранд аз мизони маоши бознишастагии болои шаҳрвандони ин кишвар иттилоъ дошта бошанд ва ҳатто ба пурсишҳои катбии рӯзноманигорону расонаҳои хабарӣ ҳам дар ин маврид посух дода намешавад.