Феврал 03, 2018 15:13 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ

Як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба иттиҳоми ҳимояти молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаш соли ҳабс маҳкум шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, додситонии Тоҷикистон эълом кард, С Маннонов пеш аз боздошт дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар тамос бо аъзои ДИИШ омодагии худро барои ироаи кумаки молӣ ба ин гурӯҳи террористӣ эълом карда буд.

Бар асоси гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон, ин шаҳрванди тоҷикистонӣ, ки барои кор ба Русия муҳоҷират карда буд, зимни кумаки молӣ ба ДИИШ аз аъзои ин гурӯҳ идеяҳои ифротигариро омӯхтааст.

 Маннонов тибқи моддаи 179 –и қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам шинохта шуд ва додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро ба таҳаммули шаш сол зиндон маҳкум кард.

 Додгоҳи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта низ се шаҳрванди ин кишварро, ки қасд доштанд аз масири Русия ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд ба 12 то 13 соли зиндон маҳкум кард.

Русия дар солҳои ахир шуморе аз шаҳрвандони тоҷикистониро, ки қасд доштаанд аз хоки ин кишвар барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия истифода кунандро боздошт карда ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил додааст.