Таҳсили ғайриқонунии беш аз 400 тоҷик дар муассисоти мазҳабии хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29543-Таҳсили_ғайриқонунии_беш_аз_400_тоҷик_дар_муассисоти_мазҳабии_хориҷӣ
Кумитаи дини мегӯяд, 405 нафар донишҷӯи ғайрирасмӣ ба таҳсилоти динӣ дар  кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Покистон машғул ҳастанд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 05, 2018 14:10 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили ғайриқонунии беш аз 400 тоҷик дар муассисоти мазҳабии хориҷӣ

Кумитаи дини мегӯяд, 405 нафар донишҷӯи ғайрирасмӣ ба таҳсилоти динӣ дар  кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Покистон машғул ҳастанд.  

Ба иттилои Форс, Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки 3694 шаҳрванди Тоҷикистон дар мадрасаҳои ғайрирасмӣ дар хориҷ таҳсил мекунанд.   

Аз ин шумор ба ин кумита муяссар шудааст, ки 3388 нафарро ба Ватан баргардонад, вале 88 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд.