Феврал 06, 2018 15:28 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши чашмгири ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия

Вазири кор , шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани шумори муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Сумангул Тағойзода дар ҳошияи нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли гузашта шумори муҳоҷирони ихроҷшуда 35 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тағойзода ҳамчунин гуфт: Дар соли 2017 ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан аз Русия ихроҷ шуда буданд тавонистанд дубора барои кор ба Русия бираванд.

Вай афзуд: Дар ҳоли ҳозир 180 ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд.

У ҳамчунин ёдовар шуд 102 ҳазор муҳоҷири ихроҷшуда дар пайи эъломи авф дар Русия аз  рӯйхати сиёҳ хориҷ шудаанд.

Ба гуфтаи вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 487 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Русия ва Қазоқистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд.

Лозим ба ёдоварӣ аст пас аз сафари раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расиданд, ки шуморе аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик авф шаванд.

Моҳи майи соли 2017 эълом шуд, ки дар пайи амалиёти авф дар маҷмуъ 102 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз рӯйхати сиёҳ хориҷ шуданд.