Омодагӣ барои муқобила бо паёмадҳои тахриби эҳтимолии садди кӯли "Сарез"
(last modified Wed, 07 Feb 2018 06:30:18 GMT )
Феврал 07, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ барои муқобила бо паёмадҳои тахриби эҳтимолии садди кӯли

Раиси Кумитаи мавқеиятҳои изтирории Тоҷикистон аз тамрини нерӯҳои ин ниҳод дар тобистони имсол барои муқобила бо хатари тахриби эҳтимолии садди кӯли “Сарез” дар вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши сайти “Спутник”, генерал Рустам Назарзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, бо истифода аз таҷҳизоти насбшуда авзоъ дар минтақаи кӯли “Сарез” дар вилояти Бадахшон таҳти назорати 24 соатаи коршиносони Кумитаи мавқеиятҳои изтирории Тоҷикистон қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, ба ҳамин хотир ҷойи ҳеҷ гуна нигаронӣ нест, зеро зилзилаи ҳафт риштерии моҳи декабри соли 2015 ҳам ҳеҷ таъсире бар сад надоштааст.

Дар ҳамин ҳол, барои насби таҷҳизоти пешрафтаи назоратӣ ва контрол бар ин кӯл, бо Бонки Рушди Осиё барои ҷазби кумаки молӣ ба ин ниҳод тавофуқ ҳосил шудааст.

Қаблан донишмандони зистшинос ҳушдор дода буданд, дар сурати сар задани ҳар навъ ҳодисае монанди зилзила, ки мунҷар ба тахриби эҳтимолии садди кӯли “Сарез” дар вилояти Бадахшон шавад, оби пушти сад ҷорӣ ва зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.

Тӯли кӯли “Сарез” 70 километр, умқи он 505 метр ва захоири оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки пас аз зилзилаи 7,2 риштерии моҳи декабри соли 2015 дар вилояти Бадахшон, бархе аз расонаҳои минтақа эҳтимоли тахриби садди ин кӯл ва ҷорӣ шудани оби онро матраҳ карда буданд.

Кӯли “Сарез” бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ бар сари роҳи рӯди Мурғоб, дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар иртифои се ҳазору 263 метрӣ аз сатҳи дарё падид омадааст.