Феврал 07, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши синни номзадии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру ислоҳоти қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии кишварро тасвиб кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Саидҷаъфар Усмонов, намояндаи Парлумони Тоҷикистон аз тасвиби тағйиру ислоҳоти қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар дод .

Вай гуфт: Парлумони Тоҷикистон тарҳи коҳиши синни номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳуриро аз 35 сол ба 30 сол тасвиб кард .

22 майи 2016 ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни асосии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар натиҷаи он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони “Пешвои миллат” имкони ширкати пай дар пай ва бемаҳдуд дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишварро ба даст овард .

Дар ин ҳамапурсӣ ҳамчунин коҳиши синни номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз 35 ба 30 сол раъй овард .