Феврал 09, 2018 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ифшои нақши диишиҳои тоҷикистонӣ дар амалиёти террористии Стокголм

Баррасиҳои мақомоти кишварҳои Тоҷикистон ва Шветсия нишон медиҳад,ки шуморе аз тоҷикистониҳои узви ДИИШ дар амалиёти террористии Стокголм- пойтахти Шветсия нақш доштаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи интернитии радиои Озодӣ навишт: Тоҷикистониҳои узви ДИИШ, ки аксаран бо номҳои мустаор муаррифӣ мешаванд, Раҳмат Оқилов- шаҳрванди Узбакистон ва иҷрокунандаи амалиёти террористии Стокголмро дар рӯзи 7-уми апрели соли 2017 омода ва роҳнамоӣ кардаанд.

Дар ҷиҳати иҷрои амалиёти гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ, Раҳмат Оқилов мошини боркаши дуздидаашро ба руи гурӯҳе аз сокинон ва мусофирон дар пойтахти Шветсия ронд, ки дар натиҷа панҷ нафар ҷон бохта, 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

 Раҳмат Оқилови 40 сола дар ҷараёни тафтишот эътироф кардааст, ки барои иҷрои ин амалиёти террористӣ аз гурӯҳе аз ҷангҷуёни тоҷики узви ДИИШ бо саркардагии Абуусома Норакӣ дастур ва роҳнамоӣ гирифтааст.

 Мақомоти Тоҷикистон номи аслии Абуусома Норакиро, Тоҷиддин Назарови 32 сола, зодаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон эълом кардаанд.

 Рамазон Раҳимзода- вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар мавриди Тоҷиддин Назаровгуфт, ки вай дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат кардааст , аммо иттилое дар мавриди зинда ё мурда будани ӯ дар даст нест.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт:Гулмурод Ҳалимов- сарҳанги собиқи нируҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки ба созмони террористии ДИИШ пайваста буд, ба эҳтимоли зиёд кушта шудааст.

Ба гуфтаи Раҳимзода дар соли 2017 –ум 379 нафар дар Тоҷикистон ба сабаби пайвастан ба гурӯҳҳои террорристии мухталиф боздошт шуданд ва ҳамчунин 117 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ин гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд, ба таври довталабона ба кишвар бозгаштанд.

 Манбаъҳои расмии Тоҷикистон дар мавридҳои гуногун шумори тоҷикистониҳои узви гурӯҳҳои террористии фаъол дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро беш аз 1100 нафар эълом кардаанд, ки беш аз 300 нафари онҳо кушта шудаанд.