Феврал 10, 2018 13:00 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар Тоҷикистон+ тасовир

Маросими гиромидошти сивунуҳумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин маросим бо ҳузури вазири умури хориҷа, вазири энержӣ ва захоири об, намояндагони Парлумон, аҳзоби сиёсӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва ҳамчунин сафирон, дипломатҳо ва вобастагони низоми кишварҳои хориҷии муқими Душанбе дар сохтмони ҷадиди Сафорати Эрон баргузор шуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маросим гуфт, мардуми Эрон дар ҳоле сивунуҳумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро ҷашн мегиранд, ки дар ҳудуди чаҳор даҳаи гузашта бо вуҷуди анвои фишорҳо ва таҳримҳову таҳдидҳо, бо салобат дар масири иҷрои аҳдофи баланди инқилоб гом бардоштаанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар бахши дигаре аз суханронии худ равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубтанӣ бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ донист ва гуфт, дар паёми табрикии чанд рӯзи қабли раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ин мавзуъ баён шудааст.

Вай изҳор дошт, Эрон ба унвони яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон, ки саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳо ва тавсеаву шукуфоии ин кишвари зебо дошта, аз пешрафтҳои рӯзафзуни Тоҷикистон хурсанд аст.

Фағонӣ идома дод: "Мо муфтахарем, ки дар идомаи иқдомоти зербиноӣ, ширкатҳои эронӣ ҳамчунон дар тарҳҳои роҳбурдии ҷадиди Тоҷикистон ва минтақа, аз ҷумла проекти сад ва нерӯгоҳи “Роғун”, иҷрои тасфияи хонаи оби Душанбе, роҳи оҳани панҷҷониба, проекти хати интиқоли барқи “КАСА -1000” ва проектҳои хурду бузурги дигари Тоҷикистон мушорикати фаъол доранд".

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард: "Тайи як соли гузашта ва ҳамзамон бо бистушашумин солгарди барқарории муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоҳиди ҳамкорӣ ва дидорҳое дар сатҳи боло будаем".

 Вай имзои Ёддошти тафоҳуми дувоздаҳумин иҷлоси комиссия ва Санади ҳамкориҳои гумрукӣ, сафари вазири хориҷа ва вазири нерӯи Эрон ба Душанбе ва дидор бо раисҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи сохтмони ҷадиди Сафорати Эрон, баргузории ҳамоиши бузургдошти зиндаёд Бобоҷон Ғафуров дар Теҳрон, сафари муовини аввали вазири хориҷа ва ноибраиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ва таҳвили расмии туннели “Истиқлол”-ро бархе аз масодиқи ин таомулот дар як соли гузашта баршумурд.

Дар ин маросим, илова бар пахши филме аз дастовардҳои Эрон, гурӯҳи мусиқии “Хуросон” ҳам барнома иҷро карданд, ки мавриди истиқболи гарми меҳмонон қарор гирифт.