Баррасии шикояти мудири пешини Китобхонаи Миллӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
Манобеи Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар доданд, шикояти мудири пешини Китобхонаи Миллӣ алайҳи кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бар сари моҷарои нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим тайи як моҳ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Сайфиддин Назарзода аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба хотири ҷашни арӯсии писараш ба нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим муттаҳам шуда буд ва додгоҳ вайро ба пардохти ҷаримаи молии 12 ҳазор сомонӣ (ҳазору 350 доллар) маҳкум кард.
Моҷарои шикояти раиси пешини Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2017, замоне расонаӣ шуд, ки вай ба иллати нодида гирифтани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ва даъват аз меҳмонони зиёд барои ҷашни арӯсии писараш, бо ҳукми раисиҷумҳур аз ин симмат барканор шуд.
Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо пахши гузорише аз телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи баргузории ҷашни арӯсии писари Сайфиддин Назарзода муддаӣ шуда буданд, вай ба ҷои даъват аз 150 меҳмон, аз 400 нафар пазироӣ карда ва ба онон ғизо дода, ки ин нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
Назарзода ҳам бо радди ин иттиҳомот гуфта буд, ки пахши гузорише аз телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи баргузории ҷашни арӯсии писараш тавтеаи бадхоҳон аст, ки бо ин иқдом заминаи барканории вайро фароҳам кардаанд.
Аз ин рӯ, вай бо эътироз ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, хостори расидагӣ ба ин моҷаро дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон шудааст.
Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон эълом кардаанд, дар соли 2017 додгоҳҳои Тоҷикистон ба иллати нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим 768 парвандаро баррасӣ ва афроди мутахаллифро ба пардохти ду миллиону 100 ҳазор сомонӣ (беш аз 240 ҳазор доллар) ҷаримаи молӣ кардаанд.