Нармафзори корбурдии “Намоён” дар Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29783-Нармафзори_корбурдии_Намоён_дар_Тоҷикистон_рӯнамоӣ_шуд
Раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ аз рӯнамоии нармафзори корбурдии “Намоён” дар Тоҷикистон ҳамзамон бо Рӯзи Миллии Эрон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 10, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Нармафзори корбурдии “Намоён” дар Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд

Раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ аз рӯнамоии нармафзори корбурдии “Намоён” дар Тоҷикистон ҳамзамон бо Рӯзи Миллии Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Ҳасани Қарибӣ ҳадаф аз тарроҳӣ ва иҷрои барномаи корбурдии “Намоён”- ро таҳияи анвои пайкараҳои забонӣ (corpus) вожанома, фарҳангнависӣ, фароҳам овардани анвои намояҳо ва дигар фаъолиятҳои пажӯҳишӣ ба хатти форсӣ ва кириллӣ унвон кард.

Вай бо ишора ба аҳамияти ин барномаи корбурдӣ гуфт, басомадгирӣ яке аз равишҳои муҳим дар мутолеаи илмии забон ва гӯишҳост, ки абзори таҳияи пайкараҳои умумӣ ва тахассусӣ ба манзури оморгирӣ, шинохти аносир, таҳлили додаҳо ва кашфи забон аст.

Ба гуфта вай, аз он ҷо ки забони форсии тоҷикӣ яке аз меросҳои маънавии Тоҷикистон аст, сохти абзорҳои пажӯҳишӣ метавонад омили суръат ва диққат дар анҷоми ин қабил мутолеот шавад.

 Қарибӣ изҳор дошт, хатти расмии Тоҷикистон бо ҳазф ва афзуда шудани чанд ҳарф ба алифбои русӣ шакл гирифтааст, ки муҳитҳое мисли “Word” қодир ба шинохти ҳуруфи изофашуда нест ва онро ба тартиби алифбои русӣ мураттаб мекунад.

Ӯ идома дод, аз ин ҷиҳат корбарон барои алифбоӣ кардан, ночор ба дахолат ба сурати дастӣ мешуданд, ки бо ин нармафзор метавонанд ин мушкилро низ бартараф кунанд.

Нармафзори “Намоён” вижаи хадамоти пажӯҳишӣ, ҷиҳати истифода ва боргирии ройгон дар вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ба нишонии www.pertaj.com қарор гирифтааст.