Феврал 13, 2018 13:32 Asia/Dushanbe
  • Рушди тавлиди тилло дар Тоҷикистон

Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон гуфт: Тавлиди тилло дар кишвар ру ба рушд аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Бобозода имрӯз сешанеб дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Соли 2017 дар Тоҷикистон 5/5 тон тилло тавлид шуда, ки ин мизон 11.2 дарсад беш аз соли 2016 аст.

Ба гуфтаи вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон тайи чаҳор соли гузашта тавлиди тилло ҳамасола ба таври миёна 20 дарсад рушд доштааст.

Ин мақоми иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, ки соли 2018 қарор аст рушди тавлиди тилло 20 дарсад бошад.

Иддаои вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон дар бораи рушди тавлиди тилло дар ин кишвар дар ҳолест, ки ахиран манобеи хабарӣ эълом карданд корхонаи тиллои Зарафшон аз фаолият боз мондааст.

Саҳми корхонаи тиллои Зарафшон дар кулли тавлиди тиллои Тоҷикистон 70 дарсад аст.

Шавкат Бобозода дар бораи таътилии ин корхона ҳам гуфт, ки ин амр муваққатан ва ба иллати фарсудагии мошинҳо будааст.