Феврал 14, 2018 17:47 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир мекунад

Тоҷикистон омодаи содироти 1.5 миллиард киловатт соат барқ ба Узбакистон аз оғози баҳор аст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, музокироти байни Душанбеву Тошканд дар бораи мароҳили содироти барқ ва мизону қиммати он идома дорад ва қарор аст, ин музокираҳо то сафари наздик Шавкати Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ба натиҷа бирасад.

Узбакистон соли 2009 ба сурати якҷониба аз сомонаи муштараки шабакаҳои барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд, ки ин масъала мунҷар ба қатъи иртиботи барқии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа шуд .

Ин иқдоми Узбакистон, камбуди шадиди барқро дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон рақам зад.

Тоҷикистон бо сохту роҳандозии зарфиятҳои ҷадид дар солҳои ахир на танҳо муваффақ ба ҳалли комили мушкили камбуди барқ шуд, балки акнун метавонад барқи афзун бар ниёзи худро содир кунад .