Нишасти солонаи ҳизби ҳокими Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлоси солонаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҳизби ҳоким низ ҳаст, аз аъзои ҳизб хост,ки бо таҳлил ва арзёбии дурусту воқеӣ аз фаъолияти ҳизбии худ дар соли гузаштаи 2017, нақшаҳои Ҳизби халқӣ-демократиро барои соли 2018 мушаххас намоянд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард: Дар кишварҳои мухталифи дунё бархе таҳаввулот ва рӯйдодҳое дар ҳоли вуқӯъ аст, ки ба раванди табии рушди ҷомеа бетаъсир нестанд. Аз ин ру зарур аст ба ин таҳаввулот баҳои воқеӣ дода шуда ва дар заминаи ин арзёбиҳо фаъолияти ояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократ мушаххас шавад.
Тибқи эъломи манбаъҳои расмии Тоҷикистон Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки аксарияти кулли ниҳодҳои давлатӣ ва парлумон дар ихтиёри он аст, 460 ҳазор узв дорад.
Ин ҳизб дар соли 1994 ибтидо бо унвони “халқӣ” таъсис шуд ва пас аз он ба номи феълӣ даромад.