Феврал 17, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 24 дарсадии мизони фақр тайи 10 соли ахир дар Тоҷикистон

Раиси Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳури ин кишвар гуфт, бо вуҷуди коҳиши 24 дарсадии мизони фақр тайи 10 соли ахир, ҳанӯз ҳам 30 дарсад аз мардуми Тоҷикистон зери хати фақр қарор доранд.

Ба гузориши сайти “СА – нюс”, хонум Гулнора Ҳасанзода гуфт, мизони фақр дар Тоҷикистон дар соли 2017 бо коҳиши 1,14 дарсад дар муқоиса бо соли қабл ба 30 дарсад расид.

Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2008 мизони фақр дар Тоҷикистон беш аз 53 дарсадро ташкил медод, ки акнун ба 30 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи раиси Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳаддиаксари маоши моҳона дар ин кишвар 1 ҳазору 174 сомонӣ ва ҳаддиақал 400 сомонӣ мебошад. Аз ин рӯ, пойинтарин маоши моҳона дар Тоҷикистонро дар бахшҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва ҷангалбонӣ дарёфт мекунанд, ки аз 523 сомонӣ то 690 сомонӣ аст.

Аммо болотарин маоши моҳонаро коргарони бахшҳои маъдан ва филизот, сохтмон, ҳамлу нақл ва мухобирот дарёфт мекунанд, ки аз 2 ҳазору 426 сомонӣ то 1 ҳазору 664 сомонӣ мебошад.

Ба гуфтаи хонум Гулнора Ҳасанзода, дар соли 2017 беш аз 487 ҳазору 758 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба хориҷ рафтаанд, ки дар муқоиса бо соли қабл наздик ба 29 ҳазор нафар камтар мебошад.