Феврал 17, 2018 11:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 65 миллиондолларӣ барои нерӯгоҳи “Роғун” аз саҳми молии фаррухташуда

Аз 500 миллион доллар саҳми молии фаррухташудаи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар хориҷ аз Тоҷикистон, 65 миллион доллар барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2017 ҳазина шудааст.

Ба гузориши сайти Вазорати молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи ин кишвар ин матлабро тайи нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар Душанбе эълом кард.

Вай гуфт, бақияи ин 500 миллион доллар соли ҷорӣ барои такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ҳазина хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, барои суръат бахшидан дар раванди баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар соли ҷорӣ аз будҷаи давлати Тоҷикистон низ маблағи 226 миллион доллар ҳазина мешавад.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. p. A” вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970-и мелодӣ барномарезӣ шуд. Аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлидии 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ-обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.