Феврал 17, 2018 12:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии автобусҳои мусофирбарӣ дар масири Душанбе - Хуҷанд

Мудири созмони хадамоти ҳамлу нақли вобаста ба Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз роҳандозии автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар ояндаи наздик ва барои нахустин бор хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, Қурбоналӣ Хизров ин хабарро дар нишасти масъулони ин вазорат дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Вай гуфтааст, то кунун интиқоли мусофирон дар ин масир ба далели кӯҳистонӣ будани ҷодда бо таксӣ ва минибус анҷом мешуд ва тараддуди автобус дар ин масир дар таърихи ҳамлу нақли Тоҷикистон бесобиқа аст.

Ба гуфтаи мудири созмони хадамоти ҳамлу нақли Тоҷикистон, коршиносон дар ин масир рафтуомадҳои озмоишӣ бо автобусҳои мусофирбарӣ анҷом доданд то нишон диҳад барои сафари амн ва мутмаини мусофирон бояд чӣ мавонее бартараф шавад.

Аммо ин масъул ба таври мушаххас ба навъи мавонее, ки бояд барои ҳаракати амни мусофирон тавассути автобусҳои ширкати “Asian Express Terminal” дар масири Душанбе ва Хуҷанд бартараф шавад, ишора накард.

Ин дар ҳолест, ки ба далели суқути баҳман (тарма) дар масири Душанбе ва Хуҷанд тайи ду рӯзи гузашта, теъдоди зиёде аз худравҳо ва мусофирон дар ин масир гирифтор шудаанд.

Ҳамчунин қимати билети ҳавопаймо аз сӯйи ширкатҳои “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” ба иллати афзоиши мутақозиёни парвоз ба маркази вилояти Суғд аз 287 сомонӣ ба беш аз 500 сомонӣ расидааст.