Феврал 18, 2018 12:34 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 700 деҳаи хӯрди Тоҷикистон барқ надорад

710 деҳаи хӯрду дӯрдаст дар Тоҷикистон ҳанӯз аз неъмати барқ баҳраманд нестанд.

Муҳаммадумар Асозода, муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик” дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе бо баёни ин матлаб, эълом кард, бештари ин манотиқ нав сохт ҳастанд.

Ба гуфтаи ин масъул дар ҳавзаи энержӣ, бештари рустоҳои бебарқ дар вилояти Хатлон, ки вилояти ҷанубӣ ва ҳаммарз бо Афғонистон аст, воқеъ шудаанд.

Муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик” дар айни ҳол тасреҳ кард, интиқоли хутути барқ ба рустоҳо ва манотиқ бидуни барқ, аз вазоифи ҳукуматҳои маҳаллӣ аст ва ин ширкат танҳо масъулияти интиқоли нирӯи барқро бар ӯҳда дорад.

Бари асоси омори Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар соли 2017 дар ин кишвар дар маҷмӯ 18 миллиорду 3/114 миллион киловатт соат/ барқ тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли 2016 милодӣ 8/188 миллион киловатт соат бештар аст.