Ҷайгоҳи нахусти Тоҷикистон дар рушди ҷамъият
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷойгоҳи нахуст истодааст.
Ин омор дар гузориши солонаи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2017, сабт шуда ва дар сомонаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ, мунташир шудааст.
Тибқи ин омор, ҷамъияти Тоҷикистон дар тӯли солҳои пас аз истиқлол аз Шӯравии собиқ, 7/61 дарсад рушд дошта ва ба думболи он, кишварҳои мусулмоннишини дигари Осиёи Марказӣ, шомили Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва низ ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки мизони рушди ҷамъият дар кишварҳои Русия ва Украина рушди манфӣ доштааст.
Фарида Муминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфтааст, давлат бо дар назар доштани мизони рушди ҷамъият барномаи вижаеро то сол 2030 танзим кардааст, ки рӯйи ҳалли мушкили иштиғол ва сатҳи фақр мутамаркиз аст.