Феврал 18, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • 2.9 миллиард доллар ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ибтидои 2018

Вазири молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишварро беш аз 40 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ, эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ибтидои соли 2018 қарзи хориҷии ин кишвар ба 2.9 миллиард доллар расид, ки муодили 40.3 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ аст.

Ин мақоми тоҷик афзуд, дар соли 2018 ҷазби 200 миллион доллар эътибори хориҷӣ дар дастури кор қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон умдатан аз муассисоти молӣ эътибор дарёфт мекунад, ки шарикони доимии ин кишвар ҳастанд.

Қаҳҳорзода изҳор дошт, Душанбе аз тавони молии лозим барои иҷрои тааҳҳудоти худ дар баробари шарикони хориҷӣ бархӯрдор буда ва дар соли гузаштаи милодӣ 147 миллион доллар дар ҷиҳати бозпардохти қарзҳо ва баҳраи марбута, ҳазина кардааст.

Бар асоси гузориши вазорати молияи Тоҷикистон, эътибороти дарёфтӣ аз “Exim Bank”-и Чин 1.2 миллиард доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 318 миллион доллар, Бонки рушди Осиё 278 миллион доллар ва Бонки тавсеаи Исломӣ, 112 миллион доллар аст.

Ҳамчунин қарзи ношӣ аз фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар бозорҳои байналмилалӣ 500 миллион доллар эълом шудааст.