Ҳукми зиндон барои қочоқчиёни маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified 2018-02-20T14:36:19+00:00 )
Феврал 20, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои қочоқчиёни маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Ду тан аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба 10 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба номҳои Неъмат Беков ва Той Бошев ҳастанд, ки ҳукми муҷозоти онҳоро додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир кардааст.

Неъмат Беков дар торихи 5 октябри соли 2017 аз Афғонистон, 8/4 килограм маводи мухаддирро тариқи қочоқ ибтидо ба ноҳияи Шуғнон дар устони Бадахшон ва сипас аз онҷо ба Душанбе мунтақил кард .

Вай дар Душанбе аз хешовандони Той Бошев барои фурӯхтани маводи мухаддир дархости кумак мекарда, ки ахиран тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт ва маводи мухаддире, ки дар ихтиёраш буда, кашфу забт мешавад .

Қарор аст, Неъмат Беков ва Той Бошев муддати маҳкумияти худро дар зиндони дорои низоми шадид сипарӣ кунанд .

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки маҳалли аслии фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир маҳсуб мешавад .