Феврал 21, 2018 15:25 Asia/Dushanbe

Марям духтари 8 солаи тоҷик, ки дар Ироқ ба сар мебарад дар паёме аз наздикони худ хостааст, ки бо ӯ иртибот гиранд.

Ба гузрориши сомонаи Спутник, корбарони Фейсбук навореро мунташир карда ва аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дархости кӯмак кардаанд.

Ин кудаки тоҷик чандмоҳи пеш дар мусоҳиба бо хабарнигорони Раша Тудей ба забони русӣ гуфта буд дар Миср ба дунё омада ва волидону наздиконаш бар асари партоби мушак ба маҳалли зиндагияшон кушта шудааанд. Гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд падари  Марям ба гуруҳи террористии ДИИШ пайваста ва аз Миср ба ҳамроҳи хонаводааш ба Ирооқ омадааст.

Ин кудак гуфтааст касе аз наздикони модарашро намешиносад, аммо медонад, ки ду тағо дорад, ки яке дар Душанбе ва дигарӣ дар Сурия будааст.

Умарҷон Эмомалӣ- сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Спутники Тоҷикистон гуфт токунун ҳувияти Марям шиносоӣ нашудааст.

Умарҷон Эмомалӣ мегуяд: Мо ин видеоро дидем, аммо барои мо номушаххас аст, ки ин кудак аз интишори ин навор чи мехоҳад. Маълум аст, ки ин духтар забони тоҷикиро хуб медонад. Пас чаро дар бораи наздиконаш, ки дар Душанбе ҳастанд  иттилооти  пурра намедиҳад.

Ба гуфтаи вай Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоли баррасии ин навор ҳастанд ва аз рӯзноманигорони байналмиллалӣ барои мушахаст кардани ҳувияти Марям кумак мехоҳанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки барои мушаххаст кардани ҳувияти ин духтар аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кумак хостаанд,  дар паёми худ гуфтаанд: Агар мо худро миллати муттаҳид ва ягона меномем набояд аз ин навор бо беаҳамиятӣ бигузарем. Бояд наздикони ӯро дар Тоҷикистон пайдо кунем ва ба воситаи Вазорати умури хориҷа ба ватан бозгардонем.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки ин кор ба тарафи ироқии мо низ вобаста аст барои ҳамин наметавонем аник бигуем, ки кай ба Тоҷикистон бозгардонда мешаванд.