Ҳузури мухолифони тоҷик дар нишасти Женева
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30315-Ҳузури_мухолифони_тоҷик_дар_нишасти_Женева
Ҳайати мухолифони тоҷик дар ҳамоиши солонаи «Ҳуқуқи башар ва демократия» (Geneva Summit for Human Rights and Democracy), ки ҳар сол бо ҳамкории 25 созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Женева (Швейтсария) баргузор мешавад, ширкат кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 22, 2018 07:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мухолифони тоҷик дар нишасти Женева

Ҳайати мухолифони тоҷик дар ҳамоиши солонаи «Ҳуқуқи башар ва демократия» (Geneva Summit for Human Rights and Democracy), ки ҳар сол бо ҳамкории 25 созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Женева (Швейтсария) баргузор мешавад, ширкат кардаанд.

Ба гузориши сомонаи «Ахбор», Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон, Темур Варқӣ, узви Шӯрои Анҷумани озодандешони тоҷик ва Муҳаммадҷон Кабиров, раиси созмони «Муколамаи АвруОсиё» дар ин ҳамоиш ширкат кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, намояндагони мухолифони тоҷик барои аввалин бор ба ин нишаст даъват шудаанд.

Мавзӯи меҳварии нишасти имсол, зиндониҳои сиёсӣ ва мушкилоти онҳо буд, ки вазъияти ин зиндониён дар чанд кишвари мухталиф ба намоиш гузошта шуд.

Дар толори ҳамоиш, дар маркази анҷуманҳои байналмилалии шаҳри Женеваи Швейтсария аксҳои зиндониёни сиёсӣ аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла акси Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ аз Тоҷикистонро қарор дода буданд.

Намояндагони мухолифон мегӯянд, Тоҷикистон дар байни 20 кишварест, ки дар он низоми ба шиддат саркӯбгар вуҷуд дорад ва зиндониёни сиёсии он вазъияти хеле баде доранд.

Намояндагони мухолифони тоҷик дар ин анҷуман бо Вилям Брудер, яке аз муаллифони «Феҳристи Магнитский» дидор карда ва мавзӯи изофа кардани номи теъдоде аз мақомоти тоҷики дахил дар нақзи ҳуқуқи инсонро ба ин феҳрист, бо вай дар миён гузоштаанд.

 «Феҳристи Магнитский», ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Русияро дар бар мегирад, як санади ҳуқуқӣ аст, ки таҳримҳоеро алайҳи масъулони дахил дар шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон ҷорӣ мекунад.